БА КӮДАКОН ДАР ПАРВОЗ АФЗАЛИЯТ ДОДА ШУДААСТ

Бисту нуҳ ҳазор нафар кӯдакон дар давоми шаш моҳи аввали соли 2018 бо тайёраҳои ширкати “Тоҷик Эйр” бо имтиёз парвоз карданд. Инчунин, дар ин муҳлат 261 тобути ҳамватанон аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Тоҷикистон ройгон оварда шудааст.

Дар ин бора Директори генералии ширкати “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов рӯзи 30-юми июли соли ҷорӣ замони нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли корманди нашрияи “Замон” маълумот дод.
Ба гуфти Директори генералии ширкати “Тоҷик Эйр” аз 29 ҳазор нафар кӯдакон 16308 нафарашон синни то 5 сола буда, ба онҳо чиптаҳои ройгон тақдим карда шудааст. Зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар кӯдакони аз 5 то 12 сола бошад, бо имконияти панҷоҳ фисад тахфиф чиптаҳои ҳавопаймоии ширкати “Тоҷик Эйр”-ро харидори карда, парвоз карданд.
Ин имтиёзҳо ба кӯдакон дар парвоз бо тариқи тайёраҳои ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 пешбинӣ шудааст ва то иҷониб амал мекунад.
Бояд қайд кардан лозим аст, ки ширкати “Тоҷик Эйр” ягона ширкате дар Тоҷикистон мебошад, ки барои кӯдакони синни то панҷ сола бо ҳамроҳии волидон ё яке аз онҳо барои парвоз чиптаҳои пурра ройгон пешниҳод мекунад. Дар чунин ҳолат ба кӯдакони аз синни 5 то 12 сола чиптаҳоро бо панҷоҳ фисад тахфиф пешниҳод мекунад.
Ба гуфти Директори генералии ширкати “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов хизматрасонии ширкат ба тамоми самтҳо сол ба сол беҳтар мешавад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тахирмонии рейсҳо дар ширкати “Тоҷик Эйр” нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 фоиз кам шудааст. Инчунин, ширкат ба самтҳои нав низ парвози ҳавопаймоҳоро ташкил карда истодааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ ширкати “Тоҷик Эйр” боз як самти нави “Душанбе-Самарқанд-Душанбе”-ро ба роҳ монд.
Боз як ширкати маҳаллии хусусӣ дар Тоҷикистон “Сомон Эйр” бошад, танҳо ба кӯдакони синни то 2 сола чиптаҳои ройгон пешниҳод мекунад. Ба гуфти Директори тиҷоратии ширкат ба кӯдакони аз 2 то 12 сола бошад, бо тахфифи панҷоҳ фисад имконияти савор ба ҳавопаймоҳои ширкати мазкур дода мешавад. Дар давоми 6 моҳи аввали соли 2018 ба 6215 нафар кӯдакон аз хизматрасонии бо тахфифи ширкати “Сомон Эйр” истифода бурдааст. Инчунин, аз тарафи ширкати мазкур дар давраи нимсолаи аввали соли ҷорӣ 90 тобути ҳамватанон ба Тоҷикистон ройгон оварда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *